Архив 14.02.2023

МИЗИ МУДАВВАР

    Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ ва кафедраи менеҷменти соҳавӣ санаи 10.02.2023 дар доираи “Ҳафтаи фаннӣ” мизи мудаввар дар мавзӯи “Моҳият ва мундариҷаи функсияҳои менеҷмент” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, кормандони сохторҳои самти таълими муассиса, омӯзгорони кафедра ва инчунин донишҷӯёни факултети иқтисодиёти саноати кӯҳӣ иштирок доштанд.
   Дар оғози чорабинии мазкур мудири кафедра Хуҷаев М.М. мақсади ташкил ва баргузории инчорабиниро шаҳр доданд ва ба кори чорабини оғоз бахшиданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ассистенти кафедра Эмомов Д. ташкил гардида буд, ки омӯзгор вобаста ба моҳияти мавзӯи баррасишаванда суханрони намуданд. Дар идома Эмомов Д. қайд намуданд, дар фаъолияти идоракунии ҳар як роҳбар 4 функсияи муҳим ва самарабахш мавҷуд аст, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳар як роҳбар мусоидат менамояд: аз ҷумла:
1.Банақшагирӣ;
2.Созмондиҳӣ;
2.Мативатсия (ҳавасмандгардонӣ)
4.Назорат.
   Баъд аз анҷоми суханронии омӯзгор аз ҷониби иштироккунандагон хусусан донишҷӯён саволу ҷавобҳо ба миён омад, ки дар рафти он иштироккунандагон фаъолии худро нишон доданд. Дар анҷом аз ҷониби иштироккунандагон таклифу пешниҳодҳо вобаста ба беҳтару хубтар ва зиёд намудани чунин чорабиниҳои илмӣ илова барин иброз доштанд дар сурати зиёд шудани чорабиниҳои илмӣ мо метавонем донишу малакаи худро сайқал диҳем. Таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби ташкилкунандагон пазируфта шуданд.

Корҳои ташвиқотию тарғиботи миёни хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и МТМУ-ҳои ҳудуди ноҳияи ТЕМУРМАЛИК

МУАРРИФИИ ИХТИСОСҲО
    Бо мақсади муаррифи намудани ихтисосҳои муассис гурӯҳи кори фаъолияти худро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумии ҳудуди ноҳияи Темурмалик ба роҳ мондааст. Бояд қайд кард, ки гурӯҳи корӣ санаи 13.02.2023 ба МТМУ N1.2.3 ва 39-и ноҳияи мазкур байни хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 корҳои фаҳмондадиҳи гузаронид. АКС📷