ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР КОЛЛЕҶИ КӮҲИИ БА НОМИ С. ЮСУПОВАИ Ш. ДУШАНБЕ

Санаи 17.03.2022 дар муассиса бахшида ба таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз, чорабиниро роҳбари муассиса муҳтарам Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни мероси ниёгонамон Наврӯз, ки аз мавсими фарорасии баҳори хуҷастапай манша мегирад табрик ва муборакбод намуданд. Дар идомаи суханронӣ қайд гардид, ки новобаста аз он, ки …

Читать далее

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ КӮҲИИ БА НОМИ С. ЮСУПОВАИ Ш. ДУШАНБЕ СУФИЕВ АЛИШЕР ҶАЪМАЕВИЧ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Муҳтарам кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни арҷманд! Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни мероси ниёгонамон-Наврӯз, ки аз мавсими фарорасии баҳори хуҷастапай манша гирифтааст, самимона табрик мегӯям. Ҷашни Наврӯз дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Сада, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон ба ҳисоб меравад. Наврӯз ин Иди баҳор, Соли …

Читать далее

Санаи 12.03.2022 дар коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова бо мақсади муаррифии ихтисосҳо, шиносоӣ бо шароити таҳсил ва вазъи фаъолияти озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаи илмию электронӣ ва дастоварду комёбиҳои кормандону омӯзгорони коллеҷ рӯзи “Дарҳои кушод” ташкил карда шуд.

  Роҳандозии чунин тадбирҳо аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ барои пиёда намудани сиёсати давлатӣ доир ба ҷалби ҷавонон ба касбҳои техникӣ ва технологӣ ва дар ин замина омӯзиши касбу ҳунар ба ҷавонони кишвар арзёбӣ мегардад. Дар ин рӯз хатмкунандагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи зинаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва миёнаи умумӣ, хатмкунандагони муассисаҳои …

Читать далее

МАРҲАБО БА КОЛЛЕҶИ КӮҲИИ БА НОМИ С. ЮСУПОВА Санаи 12.03.2022 дар коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова бо мақсади муаррифии ихтисосҳо, шиносоӣ бо шароити таҳсил ва вазъи фаъолияти озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаи илмию электронӣ ва дастоварду комёбиҳои кормандону омӯзгорони коллеҷ рӯзи “Дарҳои кушод” ташкил карда шуд.

Ифтитоҳи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” дар шаҳри Ҳисор

2 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Алмосӣ, деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”-ро пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то оғози корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар осоишгоҳ ҳамагӣ 60 нафар фаъолият мекард, …

Читать далее

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд. Дар ҷаласа вобаста ба мураккаб гаштани вазъ …

Читать далее