
МОДАР — БИҲИШТЕ, КИ ДАР РӮЙИ ЗАМИН РОҲ МЕРАВАД
Ҷаҳон беш аз 10 миллиард инсон дорад, аммо дар зиндагии ҳар кас як нафаре ҳаст, ки вуҷудаш метавонад тамоми дунёро фаро гирад. Маънии комили зиндагӣ ва эҳсоси амну осоиш дар ҳузури ҳамон як нафар нуҳуфтааст. Ӯ метавонад ҷойи ҳама касро гирад, аммо ҳеҷ кас наметавонад ҷойи холии ӯро пур кунад.
Ӯ исми хосест, ки ҳазорон сифат кӯшиш мекунанд васфаш намоянд, аммо ҳеҷ яке наметавонад ҳаққи маъниашро адо кунад. Калимаест, ки агар садҳо бор ба забон ояд ҳам дилбазан намешавад, вале агар як бор ба лаб наояд, дилро ба ларза меорад.
Ин МОДАР аст.
Модар аст, ки шабҳоро ба субҳ мепайвандад, то фарзандаш ором бихобад. Дардро пинҳон мекунад, ашкро фурӯ мебарад, то табассуми фарзандаш гум нашавад.
Ӯ ҳар вожа ва ҳар садоро борҳо такрор мекунад, то ҳарфҳои аввалини зиндагиро дар забони тифл ҷой диҳад ва бо лаҳни ширини худ муҳаббати Ватанро дар қалби ӯ бедор созад.
Модар хаста мешавад, гурусна мемонад, бемор мешавад, аммо ишқи фарзанд ба ӯ неру мебахшад, то амонати зиндагиро бо тамоми ҳастӣ парвариш намояд.
Афтодаву бархоста, шикаставу нанарехта ҷигарбандашро ба воя мерасонад. Аммо дар дилаш, дар хотироташ ва дар нигоҳаш ҳатто фарзанди ба камолрасида ҳамон тифлаки навроҳу навгуфтор мемонад.
Бо ҳамон нигоҳи пур аз меҳр ва дуои пинҳонӣ то охири умр мегӯяд: «Худоё, фарзанди маро нигоҳ дор…»
Ин аст зеботарин ва ҷовидонтарин дуои тамоми модарон.
Модар танҳо як шахс, як исм ё як калима нест. Модар биҳиштест, ки дар рӯйи замин роҳ меравад.
Хушбахту сарфароз он касест, ки саодати хидмат ба модарро дорад ва зиндагии худро бо дуои неки ӯ равшан месозад.
Бигзор тамоми модарон ва бонувони кишвари азизамон дар фазои сулҳу оромӣ, эҳтиром ва саодат зиндагӣ намоянд.
Бо эҳтиром,
Сардори шуъбаи корҳои маъмурӣ Фарҳоди Каримхон































