Архив 24.03.2026

НАВРӮЗ – ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ

НАВРӮЗ – ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ

Воқеан, Наврӯз бо ойину анъанаҳои деринаи маънавии он ҷашни моҳиятан ва аслан фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихору қаноатмандист, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, мо Наврӯзро дар баробари ҷашни истиқлол азизу гиромӣ медорем ва ин ду ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва тантанаву самимияти беандоза таҷлил менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз як ҷузъи иди баҳор ва эҳёи табиат ба шумор рафта, дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифта мешавад.

Фарҳанги ҳар як халқу миллат, пеш аз ҳама, бо ғояву усулҳо, андешаҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ, маориф ва илм, рукнҳои ахлоқии дар тӯли асрҳо нақш ёфта, аз назари фарҳангию таърихӣ шомили мазмунҳо, хусусияти табиию иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносӣ таҷассум меёбад, ки онҳоро тавассути  таҷлили ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ таъбир ва арзёбӣ намудан лозим  аст. Ба ин маънӣ, ягон миллат хеҷ гоҳ ба як насл ё ду насл ташаккул нахоҳад ёфт. Аз ин лиҳоз силсилаи пайвастаи наслҳое иборат мебошад, ки дар таърих баробари созмонҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ниҳодҳои  фарҳангию маърифатӣ таҷассуми ҳуввияти миллӣ ва мардумии ҳар як халқу миллат арзёбӣ  мешавад.

Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо мебошад. Наврӯз ва баҳорро ба зиндагии пас аз марг шабоҳат медиҳанд. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд.

Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони мо Наврӯз, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид-Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Муҳимтарин маросими наврӯзӣ шояд ҳамон паҳн кардани дастархони “ҳафтсин” аст. Чизҳое, ки дар суфра ниҳода мешавад, ҳар кадом пайвастагии махсусе бо одоби иҷтимоии ориёиҳо дорад ва ёдовари умури мушаххасест, ки дар суннатҳо ҷо гардидааст. Мардум дар ин вақтҳо хона меороянд, ҳама ҷоро пок мекунанд, либоси нав мепӯшанд, бӯйи хуш дуд медиҳанд, гулу шириниву шарбат мениҳанд ва дар дастархон ҳафт чиз, ки номашон бо ҳарфи “син” шурӯъ шуда бошад, мисли сабза, себ, санҷид, сумалак, сирко, сир, сипанд мегузоранд.

Наврӯз дар воқеъ яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашнвора таърихан ба ҳаёти инсонҳо дар рӯи замин алоқаи зич дошт ва эҳёи табиат бо таҷлили ин ҷашн оғоз меёбад. Маҳз баъд аз таҷлили пуршукӯҳии ин ҷашн деҳқонон ба киштукори саҳро мебароянд. Ниёгони мо дар арафаи Наврӯз хонаву кошонаи худро аз сари нав поку покиза мекарданд, сару либоси нав мепӯшиданд, ки ин маънии беҳбудиҳои зиндагиро то соли оянда мефаҳмонад.

 Руҳулло МАҲМАДОВ,

Декани факултети Иқтисодиёти саноати куҳӣ