НАХУСТ МУРРАБӢ ВА МУАЛЛИМИ БАШАРИЯТ МОДАР АСТ
Модар нахустмураббии инсон, баҳори гулфишон, нунурфишони меҳру муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст. Модар яке аз шахсиятҳои бебаҳо, воломартаба, бузург, азиз, мунис ва муқаддас, ки бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигари худ ҷаҳонро меҷунбонад.
Сухан рондан дар васфи модар ва тавзеҳ додани онро ҳеҷ кас ба сомон расонида наметавонад, зеро ҳеҷ ақле, ҳеҷ илме, ҳеҷ забоне ва ҳеҷ қаламе қудрати васфи модарро надоранд, зеро модар бузург аст, ба тамоми маъно, ки ҳастии худро ба фарзанд мебахшад.
Модар натанҳо дар қиссаву ривоятҳо, балки дар асл низ ҳамчун сарлашкари мулки худ мебошад. Чунончӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар қайд намуданд: “Дар саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон номҳои Гурдофарид, Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот, Робиаи Балхӣ, Зебуннисо ва садҳо модарону хоҳарони хирадманду фарзона, донишманду оқила, размандаву ҷасур бо ҳарфҳои зарин сабт шудаанд. Зеро кору пайкори онҳо то ҳанӯз намунаи ибрат, сабақи зиндагӣ, сазовори пайравӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад”.
Ҳар хонадоне, ки аз нусрату баракати зан баҳравар нест, он ҷо баракат нест. Дар урфият мегуянд: “Саодати зиндагӣ дар калимаи модар нуҳуфтааст”. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз одамизотро аз гирдорҳои зиндагӣ беҳтар аз муҳаббати модар ҳимоя карда наметавонад. Ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз доштанд, ки: “Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”. Мо аминем, ки худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешии зани тоҷик, ки дар идоракунии давлат ва ҷомеаи солим низ ҳиссаи арзанда гузошта метавонад, калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯйи комёбиҳост.
Аз саҳифаҳои таърихи хеш ба мо маълум аст, ки дар давраҳои гузашта занону модарон дар қатори мардон ба муқобили душман муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзаминӣ аҷдодиамон саҳми сазовор гузоштаанд. Маҳз ба ҳамин хотир барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд.
Бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар кишвари мо нишонаи эътибору эҳтироми баланди давлат ва мардуми тоҷик нибат ба Модар ва қадру манзалати шоистаи Ӯ мебошад.
Руҳулло МАҲМАДОВ,
Декани факултети Иқтисодиёти саноати куҳӣ































