Архив Февраль 2023

И𝐂𝐓ИФ𝐎Д𝐀И 𝐂𝐀𝐌𝐀𝐏𝐀𝐇𝐎𝐊И 𝟑𝐀𝐗И𝐏𝐀Ҳ𝐎И 𝐓𝐀БИӢ 𝐁𝐀 𝐊𝐀𝐌 𝐇𝐀УД𝐀𝐇И 𝐓𝐀Ъ𝐂И𝐏И 𝐌𝐀НФИИ 𝐎𝐇Ҳ𝐎 Б𝐀 𝐌УҲИ𝐓И 𝐀𝐓𝐏𝐎Ф

    Имрӯз масъалаи партовҳо яке аз проблемаи асосии кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳоло қариб 400 намуди сарватҳои зеризаминӣ дар соҳаҳои саноат ва сохтмон истифода бурда мешаванд. Аз сарватҳои зерзаминӣ қариб 80% қувваи барқ, 75% маҳсулоти химиявӣ ва то 90% маҳсулоти сохтумонӣ истеҳсол карда мешавад. Мутаассифона аз он миқдори ашёи хоме, ки дар истеҳсолот истифода мебаранд, танҳо 5-10% он ба маҳсулоти тайёр табдил меёбад. Боқимондаи 90-95% он ба партови саноатӣ партофта мешавад. Хусусан миқдори партов дар саноати куҳӣ аз ҳама бештар ҳосил мешавад.
           Ин пеш аз хама ба намуди маъдан, таркиби он ва то чи андоза мавҷуд будани миқдори металл дар он вобаста мебошад. Зеро ки мавчудияти фулузот дар таркиби маъданҳо як хел нест. Хусусан дар таркиби маъдан ҳиссаи металлҳои нодир ниҳоят кам мебошад. Мувофиқи хисоби мутахассисон ба ҳисоби миёна дар як тонна маъдани ранга 0,002% торй, 0,003% литий 0,002% необй 0,0005% уран 0,0002% тантал 0,0002% волфрам 000002% тилло 0,005% рух 0,0039% кургошим 0,0001% молибден 0,0024% мис ва 0,0000036 % нуқра мавҷуд асг. Агар ақидаи экспертҳоро ба инобат гирем, солҳои наздик норасоии ин гурӯҳи металлҳо ба пешрафти техника ва технологияи муосир таъсири калон мерасонад. Бинобар он, олимон барои қонеъ гардидани талаботҳои ҳозира ва ояндаи техника ва технология манбаъ ва роҳҳои нисбатан арзони ба даст овардани металлҳои нодирро тахқиқ менамоянд. Яке аз роҳҳои умедбахши афзун намудани истеҳсоли ин намуди металлҳо ба таври комплексӣ кор кардани металлҳои ранга ва партови бисёрсолаи онҳо, ки дар таркибашон металлҳои гуногуни нодир дидан мавҷуд аст. Чунин партовҳо дар ҳама соҳаҳои саноати куҳӣ ба миқдори зиёд ҷамъ шудааст.
       Ба таври комплексӣ кор кардани металлҳои ранга ва истифода бурдани партови ғуншудаи онҳо, барои истеҳсол намудани металлҳои нодир, нисбатан роҳи арзонтар ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар бисёр мамлакатҳо ба ин мақсад партови конҳои пеш аз ин коркардашударо истифода мебаранд, чунки дар вақти набудани технологияи коркарди комплексии маъдан аз он танҳо 1-2 металли асосиро истехсол мекарданд. Металлҳои боқимондаи дар маъдан мавҷудбуда ҳамчун партов нигоҳ дошата мешавад, ва он ба муҳити атроф таъсири манфӣ мерасонад. Дар айни замон аз партови конҳои металлургияи ранга тилло, нуқра ва дигар металлҳои нодир истеҳсол мекунанд. Ҳоло дар Тоҷикистони шимолӣ (Табошар) дар партови фабрикаҳои бойгардонии ғун шуда, ба ғайр аз тилло инчунин бисёр намуди металлҳо оҳан, кобалт, телур, сулфур, мис, нуқра, висмут, никел, молибден, марги муш, сурма, кадмий, селен ва ғайра мавҷуд мебошанд. Гарчанде ин гурӯҳи металлҳо дар таркиби партовҳо кам бошад (дар як тонна ҷинси кӯҳӣ аз як грамм то якчанд грамм) ҳам, аз сабаби дар қишри Замин ниҳоят кам будани онҳо (аз 0, 1% камтар) аз партов ё аз маъдан металлҳои ранга ҷудо кардан аҳамияти иқтисодии калон дорад. Зеро инкишофи кунуни ва манбаи техникаю технологияро бе онҳо тасаввур кардан мумкин нест. Аз дигар тараф баъди аз партов ё маъдан пурра ҷудо кардани металлҳои зарурӣ, имконият пайдо мешавад, ки хоки ҷинси кӯҳиро дар соҳаи сохтумон истифода барем. Истифода набурдани партовҳои онҳо сабаби ноустувор гардидани вазъияти экологӣ мегардад, онҳо обу ҳаворо Заминро ифлос мекунад. Партови газмонанд ва чангу ғубори корхонаҳои металлургӣ пеш аз ҳама ба таркиби ҳаво дохил мешаванд. Баъзе аз онҳо ба монанди гази туруши карбон сабаби баланд шудани ҳарорати ҳавои курраи Замин мегардад.
        Як қисми газҳо, хусусан он газҳое, ки аз корхонаҳои металлургияи ранга ба ҳаво дохил мешаванд, ба воситаи боришоти атмосферӣ ба руи замин бармегардад, ки онро «борони кислотавӣ» мегуянд, ки барои кулли организмҳои зинда, аз ҷумла, инсон зарари калон дорад. Боридани чунин «боронҳо» барои мамлакатҳои мутараққӣ ИМА, Англия, Олмон ва ғайpa хос мебошад. Баъзан шамолҳои ғарбӣ «боронҳои кислотавй»-ро аз Аврупои Fapбӣ ба қаламрави мамлакатҳои дигари наздик ба он мебарад. Аз ин ҳодиса 14% масоҳати чангали Аврупо зарар дидааст. Барои пешгирӣ кардани ин ҳодиса ҳама чангу ғубор ва газҳое, ки дар ҷараёни кори корҳонаҳои саноатӣ металлургии сиёҳ ва ранга ҳосил мешавад тавассути дастгоҳҳои махсус нигоҳ дошта, дар саноати химия ҳамчун ашёи хом истифода мебаранд. Аз газҳо кислотаи сулфат ва катрон (смола) истеҳсол мекунанд. Партови сахти онҳоро ҳам дар саноати химия (истеҳсоли фосфор) ва сохтумон (истеҳсоли хишт, тахтасанг, битон) истифода мебаранд. Дар сатҳи замин,дар таркиби ҳаво ва об дохил шудани партовҳои гуногун (сахт, моеъ ва газ) ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, энергетикӣ, химиявӣ ва нақлиёт вобаста мебошад. Хусусан, дар даҳсолаҳои охир дар натиҷаи пешрафти иқтисодиёт дар тамоми чаҳон, дар саноат ва нақлиёт истифодаи сузишворӣ ниҳоят афзуд. Ҳангоми истифодаи ангишт дар дастгоҳҳои кокс истеҳсолкунӣ ва истифодаи он дар танурҳои доманагӣ барои гудохтани маъдан миқдори зиёди оксиди карбон ҷудо мешавад. Қисми асосии онро дар корхонаҳои химиявӣ ва синтези органикӣ истифода мебаранд, қисме аз он ба ҳаво дохил мешавад, ба мисоли истгоҳи аловӣ (ТЭС) ва обгармкунанда бо чорабиниҳои техникй нигоҳ накарда, миқдори зиёд, ҳаво омехта мешавад.
          Ҳангоми сухтани ангишт аз он оксиди сулфур ҷудо мешавад. Зеро дар таркиби ангишт аз 0, 2 то 7% сулфур дида мешавад. Агар он ба ҳаво хориҷ шавад, боиси боридани «борони кислотавӣ» мегардад. Он партовҳои, ки дар натиҷаи гудозиши маъдан оҳан ҳосил мешавад, сол аз сол зиёд мегарданд ва ба табиат таъсири манфӣ мерасонанд. Бинобар он барои тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон партовҳои саноати химиявиро барои истеҳсолоти маснуоти сохтмонӣ истифода мебаранд. Истифодаи нафт ва гази табиӣ ҳам баъзе душвориҳоро ба миён меоварад.   Ҳангоми истифодаи онҳо дар саноат ва нақлиёт ҳамчун сузишворӣ фоизнокии гази оксиди карбон, оксиди нитроген дар таркиби хаво зиёд мегардад, чун ки он таҷҳизотҳое, ки дар корхонаҳо муҷаҳаз гардонида шудаанд, дар натиҷаи сухтани бензин, солярка, мазут, гази табии ҳангоми сухтан пурра нигоҳ дошта наметавонанд. Дар давраи собиқ Итиҳоди Шуравй ҳар сол аз автомобилҳо ба атмосфера тақрибан 37 миллион тонна моддаҳои заҳрнок хориҷ мешуданд, агар он моддаҳои заҳрноки корхонаҳои саноатиро ҷамъ намоем, ҳаҷми дохилшавии моддаҳои заҳрнок 100 миллион тоннаро ташкил менамоянд. Дар таркиби модаҳои сузандаи хориҷшаванда автомобилҳо 78% оксиди карбон, 16% карбогидратхо дида мешаванд, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошанд. Бояд гуфт, ки як қисми модаҳо, ки дар натиҷаи сухтани сузишворӣ ҳосил мешаванд дар дудкашҳо ва тачҳизоти махсуси безараркунандаи моддаҳои зараровар нигоҳ дошта мешавад, ки онро дуда меноманд. Он модаҳоро барои тайёр кардани резин ва ранг истифода мебаранд. Партовҳое, ки муҳити атрофро ифлос менамоянд, аз ҳама хавфноктарин партовҳои саноатӣ химиявӣ ба ҳисоб мераванд, зеро назорат ва идора кардани он нисбат ба партовҳои дигар соҳаҳо душвор аст. Ин соҳа партови металлургияи ранга, сиёх, нафткоркунӣ ва кокскуниро истифода мебарад, аз онҳо намудҳои гуногуни маҳсулоти химиявӣ, кислота, каучуки сунъӣ ва ғайра истеҳсол мекунанд. Маҳсулоте, ки саноати химия аз партовҳои саноат аз ашёи хоми химиявӣ истеҳсол мекунанд, якчанд маротиба арзонтар аст, аммо партове, ки худи корхонаҳои химия ба миён меоваранд, зараровар буда, онро асосан дар корхонаҳои химиявӣ синтези органикӣ аз нав истифода мебаранд, ки қисме аз он ба таркиби ҳаво дохил мешавад. Аз истгоҳҳои аловӣ, барқӣ (ТЭС) ва обгармкунанда бошад, миқдори зиёди газҳо ба ҳаво хориҷ мешаванд. Он партовҳои сахте, ки дар натиҷаи гудохтани маъдани оҳан ҳосил мешаванд, ба қисмҳои таркибии табиат таъсири манфӣ мерасонанд. Бинобар он барои тоза нигоҳ доштани муҳити атроф дар бисёр мамлакатҳои чаҳон партовҳои саноати химиявиро дар истехсолоти маснуоти сохтмонӣ истифода мебаранд. Ҳамин тавр ашёҳои хоми минералӣ табиатан дар шароити табии ҳамеша ба намуди омехта во мехӯранд ва аз маъдан ва унсурҳои гуногуни химиявӣ иборатанд. Табиист, ки чунин ашёҳои хом аз нигоҳи иқтисодӣ ва экологӣ коркарди комплексиро талаб менамояд. Ба таври комплексӣ кардани ашёи хом дар аксар соҳаҳои саноати мамлакатҳои мутараққӣ ва баъзе давлатҳои рӯ ба инкишоф ба роҳ монда шудааст.
Ба ҳама афзалияти иқтисодӣ ва экологӣ нигоҳ накарда, барои ба таври комплекси истифода бурдани сарватҳои табиӣ зимни технологияи мавҷуда барои пурра истифода бурдани ҳама унсурҳои фоиданоки ашёи хом, тамоман нест кардани партовҳо, сарфа кардани ашёи хом, энергия, об ва ғайра имконият фароҳам оварда намешаванд. Аз ин лиҳоз инкишофи минбаъдаи истеҳсолот ва вобаста ба он устувор нигоҳ доштани вазъияти солими экологии муҳити атроф роҳу усулҳои нави технологияи коркарди ашёи хомро талаб менамояд, ки сарфакорона истифода бурдани сарватҳои табиӣ ва муҳофизати муҳити атрофро конеъ гардонда тавонад. Чунин технология дар мамлакатҳои мутараққӣ, дар корхонаҳои алоҳида амал мекунад, ки онро технологияи кампартов ё бепартов меноманад.
         Технологияи бепартов гуфта чунин усули истеҳсоли махсулотро меноманд, ки дар он ашёи хом ва энергия нисбатан оқилона ва комплексӣ истифода бурда мешавад, ки ҳама гуна таъсиррасонӣ ба муҳиги атроф, ҳолат ва амалиёти муътадили онро дахолат карда наметавонад. Моҳияти асосии технологияи бепартов аз он иборат аст, ки ашёи хом ва энергия аз рӯйи сикли пурра ҷараён мегирад, ки коркарди ашёи хом-истеҳсолӣ, маҳсулоти – истеъмолӣ, ба истеҳсолот баргаштани маҳсулоти истифодашуда (ба шакли партов)-ро таъмин менамояд. Чунин сикли пурраи сарбастаро дар доираи як корхона ва комплексҳои қаламравию истеҳсоли ташкил кардан мумкин аст. Ин ғояро олими рус Н. Н. Колосовский солҳои 40-ум асри 20 ҳамчун назарияи «сиклҳои истехсолӣ» пешниход карда буд. Мувофиқи ин ғоя маҳсулоти нимхом ва партови корхонаҳои як соҳаи саноат барои корхонаҳои дигар соҳаи саноат ҳамчун ашёи хом хизмат мекунад. Дар КВД Ширкати Алюминийи Тољик партовро барои истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонӣ истифода мебаранд. Ин ҷараён натанҳо дар дохили як корхона сурат мегирад, балки дар дигар коронаҳои саноатӣ ва комплекси технологияҳои бепартов кор карди ашёи хом истифода бурда мешавад. Дар иттиҳодияҳо маҳсулоти як корхона барои дигараш ҳамчун ашёи хом, моли нимтайёр ё моли ёрирасон истифода бурда мешавад. Ба ин корхонаҳои абрешими Душанбе, Хуҷанд ва қолинбарории Қайрокум мисол шуда метавонанд. Кооператсия (ҳамкорӣ), зимни ҳамкории корхонаҳои як соҳа ва соҳаҳои гуногун амал мекунад. Мисол, сикли металлургияи сиёҳ ба худ корхонаҳои бойгардонии маъдани оҳан, ангишт, гудохтани чуян, пулод, кокскунӣ, истеҳсолкунандаи бензол, фоидабарандаи гази кокскунӣ (барои истехсоли аммиак, асетилен ва дар асоси онҳо истеҳсол кардани нуриҳои нитрогенӣ ва дигар маҳсулотҳои химиявй), махсулоти сохтмон истехсолкунанда, мошинсозии металлро бештар истифодабаранда ва ғайраҳоро муттаҳид менамояд.
        Маҳсулотҳое, ки ин корхонаҳо истеҳсол мекунанд, дар соҳаҳои гуногун истифода мегарданд. Дар охир як қисми он барои аз нав кор кардан (ба шакли металлпора ва ашёи гуногуни химиявӣ) ба корхонаҳои сикли металлургияи сиёҳ бармегардад.
      Он ҷинсҳои кӯҳие, ки ҳангоми ба тарзи кушод истеҳсол кардани маъдани оҳан ва ангишт ба даст оварда мешаванд, аз ҷинсҳои такшонӣ иборат мебошанд. Онҳоро метавонанд барои истеҳсол семент, оҳак, хишт, ашёи ба оташ тобовар, ашёи хом барои истеҳсоли шиша, чинӣ, коғаз ва руйпуш кардани роҳҳо истифода баранд. Хамин тавр, зимни қоидаи «муштараконӣ» ва «ҳамкорӣ» аз тарафи корхонаҳо, оқилона истифода бурдани ашёи хом ва энергия консепсияи технологияи нав таъсис меёбад. Онҳо дар се қоидаи асосӣ ифода меёбанд:
– сикли истифодаи сарватҳои табиӣ на танҳо соҳаи истехсолот, инчунин соҳаи истеъмолиро низ дарбар мегирад;
– Дар ҷараёни коркарди ашёи хом ҷудо кардани ҳама унсурҳои таркибии он, дар соҳаҳои гуногуни саноат барои истеҳсоли маҳсулотҳои гуногун ҳамчун ашёи хом истифода мегарданд, тоза нигоҳ доштани вазъияти экологии муҳити атроф зимни ҳадди ҷоизи ҷамъшавии унсурҳои гуногуни химиявӣ дар муҳити атроф муайян карда мешавад, ки онро мухтасар ҲҶҶ мегуянд. Дар муҳити атроф (ҳаво, об, хок) зиёд шудани ҲҶҶ -и моддаҳои зиёновар ба организмҳои зинда, аз ҷумла ба инсон таъсири бад мерасонад ва ноустувории вазъияти экологиро (мисол ноҳияҳои назди стансияи атомии Чернобил) нишон медиҳад. Дар ҳалли солим ва мувозӣ нигоҳ доштани вазъияти экологӣ дар корхонаҳо ва иттиҳодияҳои саноатӣ ҷорӣ намудани технологияи бепартов, миқдори партов ва вобаста ба он ҲҶҶ -и моддаҳои заҳролуд овардаро муҳити атроф кам менамояд.
Бояд хотирнишон намуд, ки консепсияи технологияи бепартов аз консепсияи безараргардонии партов, ки дар аксари корхонаҳои саноатӣ амал мекунад, ба қуллӣ фарқ мекунад. Консепсияи безарар гардонидани партовҳои саноатӣ фақат ба он зинаи коркарди ашёи хом диққат медиҳад, ки дар он ҷо партов бештар ҳосил мешавад. Бар хилофи ин консепсияи технологияи бепартов ҳама зинаҳои кокарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулот, истеъмоли он, истифодаи партов ва дубора истифода бурдани ашё, асбобу анҷом дар бар мегирад.
Дар натиҷа на фақат миқдори партов кам мешавад, балки ба муҳити атроф моддаҳои заҳрнок кам хориҷ мешаванд.
      Муваффақияти амалӣ гардонидани консепсияи технологияи бепартов на фақат ба технологияи нав, инчунин дар истеҳсолот иваз намудани ашёи хоми зараровар ба ашёи хоми безарар, истифодаи партовҳои дохилии корхона ва иттиҳодияҳо дар ҷараёни ҳама зинаҳои истеҳсолӣ вобаста мебошад. Ин як барномаи том мебошад, ки он ба тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва оқилона истифода бурдани ашёи хом, энергия ва истифодаи партови корхонаҳои саноатӣ ва хокрубаҳои хоҷагии манзилӣ нигаронида шудааст.
Ба миён овардани технологияи бепартов ва ҳал намудани масъалаҳои ба ҳам алоқаманди техникӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, психологӣ вобаста мебошад. Барои ҳамин ҳам бисёр иттиҳодияҳо барои зарурияти технологияи бепартов ва барои тоза нигоҳ доштани муҳити атроф кормандони иттиҳодияҳоро ба хусусияти хоси технологияи бепартов шинос менамоянд. Барои ба технологияи бепартов гузаштани корхонаҳо ва ба таври катъӣ ҳал кардани масъалаҳои экологӣ аз тарафи ниҳодҳои дахлдори ҳифзи муҳити зист бояд мунтазам назорат бурда шавад. Барои истифодаи сарватхои табии корхонаҳои саноатие, фаъолият намоянд, ки ба ифлосшавии муҳити атроф бетараф набошанд. Барои назорат намудани вазъияти экологӣ дар давлатҳои пешрафта ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон нозирони зиёд кор ва фаъолият менамоянд, ки корхонаҳое ки муҳити атрофро ба моддаҳои заҳрнок, заҳролуд менамояд, назорат намуда корхонаҳоро ҷарима мебанданд, корхонаҳои саноатӣ маблағи ҷаримаро барои пардохти ҷарема, не балки барои гузариш ба технологияи бепартов ва кампартов сарф намоянд.
Раҳматуллои Ғуломқодир – сардори шуъбаи таълими МДТ Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди ДКМТ

П𝐄Ш𝐁𝐎И 𝐌ИЛЛ𝐀𝐓- 𝐌УБ𝐀ЛЛИҒИ ФУ𝐏УҒИ 𝐌𝐀Ъ𝐏ИФ𝐀𝐓 (Дар ҳошияи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ)

  Санаи 06.02.2023 дар коллеҷ ҳамоиши оммавӣ – тарғиботӣ таҳти унвони “Пешвои миллат мубаллиғи фуруғи маърифат” бо иштироки даври коллеҷии озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну хонадагони муассиса баргузор гардид.
     Зимни бармомадҳо аз ҷониби маърузачиён гуфта шуд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маориф дар меҳвари асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, ки ин бе муболиға аз маърифатдустӣ фарҳангсолории ин абармарди арсаи сиёсати кабир дарак медиҳад.
​    Дар ин баробар аз таваҷҷуҳ ва ғамхориву дастгириҳои падарона ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ёдоварӣ шуда, қайд гардид, ки заминагузории мусоид ҷиҳати ба таври оммавӣ иштирок намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа ин худ гувоҳ аз дурандешӣ, салиқаи баланди этиром ба илму маориф аз ҷониби Президенти кишварамон гувоҳ аст. Таъкид шуд, ки ташкил ва баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба таври мустаъқим саҳмгузорӣ дар рушди зеҳнӣ ва маърифатнокии аҳолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
​     Дар идома маълумоти умумӣ ва тартиби иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” шарҳ дода шуда, таъкидан зикр гардид, ки сарпараст ва иқдомгирандаи асосии озмунҳои мазкур шахсан худи Пешвои миллат мебошанд. Пас, ба хотири сазовор гардидан ба бовариву эътимоди қавии фарзона фарзанди баруманди миллат зимни баргузории озмунҳо иштироки фаъоли ҳамагон бояд таъмин карда шавад.
​      Дар қисмати хотимавӣ шаклҳои ҳавосмандгардонии ғолибони озмунҳо ба ҳозирин шарҳ дода шуда, иброз гардид, ки МДТ Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова бо мақсади қадрдониву ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои зикргардида маблағҳои калони пулиро пешбинӣ намудаст, ки ин иқдоми наҷиб зарурӣ буда, дар самти дарёфт ва ҳавасмандгардонии чеҳраҳои лаёқатманд таъсири мусбӣ хоҳад гузошт.

Қ𝐀Д𝐏Д𝐎𝐇ИИ 𝐌У𝐀𝐂𝐂И𝐂𝐀И 𝐓𝐀ЪЛИ𝐌Ӣ 𝐀𝟑 Ҷ𝐎𝐇ИБИ 𝐏𝐀Ё𝐂𝐀𝐓И 𝐊𝐎𝐏 Б𝐎 Ҷ𝐀𝐁𝐎𝐇𝐎𝐇 𝐁𝐀 𝐁𝐀𝐏𝟑ИШИ Ш𝐀Ҳ𝐏И ДУШ𝐀𝐇Б𝐄

       Санаи 03.02.2023 дар бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои пойтахт, масъулини шаҳриву ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ҳифзу ҳуқуқу тартибот, фарҳангу тандурустии Душанбе, роҳбарон ва          намояндагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳр, гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 чорабинии тантанавӣ доир гардид.
      Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.  Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар заминаи ҳидоятҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои наҷибу пайваста ва дурбинонаи Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои муҳими стратегии кишвар ва пойтахти он табдил ёфта, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба қишри ҷавони ҷомеа дар марҳилаи бунёди давлати навини тоҷикон ҳамчун созандагони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳ ва боварӣ зоҳир карда мешавад.
      Ин эътимоду боварӣ ва самимияти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз самари дилхоҳро ба бор оварда, ҷавононро барои расидан ба қуллаи муроду мақсадҳои дар замирашон буда, роҳнамоӣ месозад.
Маъмурияти коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова барои содиқ будан ба эътимод ва бовариҳои роҳбарияти олии кишвар минбаъд низ бо тамоми нерӯ ва тавоноӣ саъю талош намуда, дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пайваста талош хоҳад намуд.

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА САРДОРОНИ ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ КОЛЛЕҶ ДАР ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ 

 

    Санаи 1-уми феврал бо иштироки васеи роҳбарон ва сардорони воҳидҳои сохтории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷаласаи машваратию назоратии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода оғоз намуда доир ба як қатор масъалаҳои мубрами фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла зимни баргузории ҷаласа дастур дода шуд, ки роҳбарони муассисаҳои зинаи таҳсилоти миёнаи касбиро зарур аст, ки дар самти тарғибу ташфиқи ихтисосҳо ва муаррифии шароиту имконоти таҳсил дар муассиса, ташкили кафедраҳои методикаи таълим дар назди МТМУ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири пайвасти илм бо истеҳсолот, пурзур намудани базаи моддӣ-техникӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар раванди фаъолияти корӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустии наврасону ҷавонон бо мақсади пешгирӣ аз гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.
Дар фарҷом қайд карда шуд, ки дар соли 2023 масъулини соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ба таври самарабахш амалӣ сохтани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нерӯи зеҳнии тоза корбарӣ намуда, бо нишондиҳандаҳои назаррас дар самти беҳдошти фаъолияти корӣ таҳавуллоти арзандаро ба миён гузоранд.

 

ИСТИФОДАБАРИИ УСУЛҲОИ ИНТЕРАКТИВӢ ДАР НИЗОМИ ТАЪЛИМ

Бо ташаббуси бахши идоракунии сифати таҳсилот санаи 17.01.2023 дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои коллеҷ бо мақсади сайқалдиҳии маҳорати касбии омӯзгорони муассиса семинари омўзишию машварартӣ дар мавзўи “Роҳҳои истифодабарии усулҳои интерактивӣ дар низоми таълим” доир карда шуд.
Дар семинари мазкур Содиқов Шоҳимардон омӯзгори соҳибтаҷрибаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ даъват гардид, ки бо пешниҳоди далелҳои илман асоснок таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба муҳтавои истифодабрии усулҳои интерактивӣ дар раванди дарсҳо ҷалб намуд ва завқи иштирокдоронро ба омӯзиши унсурҳои таркибии ин семинар бедор намуд. Семинари омўзишӣ характери методӣ-таълимӣ дошта, фарогири самтҳои зерин: моҳияти усулҳои интерактивии таълим, гуногуншаклии усулҳои интерактивии таълим, роҳҳои истифодабарии усулҳои интерактивӣ дар низоми таълим буд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар фоъолияти минбъдаи худ омўзгорони муассиса ба таври самарабахш аз методҳо ва усулҳои нави таълим истифода намуда дар баландбардории сифати таҳсил дар заминаи омӯзиши донишҳои тахассусӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.