Архив Ноябрь 2023

ҲА𝐌ГИ𝐏𝐎ИИ 𝐇И𝟑𝐎𝐌И 𝐓АЪЛИ𝐌 Б𝐎 А𝐌АЛИЯИ И𝐂𝐓𝐄Ҳ𝐂𝐎Л𝐎𝐓

      Санаи 21.10.2023 дар асоси нақша-чорабиниҳои коллеҷ оид ба иҷро дастуру супоришҳое, ки зимни ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода шуд, дар иртибот ба ҳамгироии низоми таълим бо амалияи истеҳсолот семинари омӯзишӣ бо ҷалби мутахассиси соҳавӣ аз ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо” дар мавзуи “Хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавӣ” баргузор карда шуд.
    Мақсад аз ташкил ва роҳандозии чунин семинарҳои омӯзишӣ дар ҳамоҳангии илм ва истеҳсолт дар асоси меъёрҳои муқарар гардидаи нақша ва барномаҳои таълимӣ ифода ёфта, донишҷӯёнро бо раванди хизматрасониҳо дар ташкилоту муассисаҳо бо дарназардошти талаботи мусири бозори меҳнат шинос менамоянд.
       Дар семинари мазкур донишҷӯёни ихтисосҳои “ҳисоби муҳосибӣ таҳлил ва назорат”, “Менеҷменти соҳавӣ” ва “таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ” фаъолона ширкат вазида, аз ҷараёни баргузорӣ семинари мазкур изҳорӣ қаноатманди баён намуданд.

𝐊𝐁 Э𝐊𝐂П𝐄ДИ𝐓𝐂ИЯИ ҶУ𝐂𝐓УҶӮӢ – А𝐊𝐂БА𝐏Д𝐎𝐏ИИ Г𝐄𝐎Л𝐎ГӢ (д𝐚𝐩𝐜и 𝐚𝐦𝐚лии 𝐜𝐚й𝐞̈𝐩)

    Санаи 16.10.2023 бо мақсади пайвасти илм бо истеҳсолот ва иҷрои нақша чорабиниҳои муассиса, бо ташаббуси кафедраи геологияи нафту газ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки муассиса донишҷӯёни ихтисоси 2-510201-истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок (аз рӯи самтҳо) бо роҳбарии мудири кафедра Ёрмадова М.З., барои баргузории дарси сайёри амалӣ ба КВ Экспедитсияи ҷустуҷуӣ – аксбардории геологӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, сафарбар гардиданд.
       Дар аввал донишҷӯёнро аз таърихи таъсисёбӣ, сохтор ва дигар паҳлуҳои фаъолияти Экспедитсияи мазкур ошно намуданд. Илова барин қайд кардан ба маврид аст, ки дар Экспедитсиямазкур аксаран намунаи минералҳо, сангҳои қиматбаҳою ороишӣ мавҷуд аст. Дар рафти баргузории дарси мазкур аз ҷониби мутахассиси соҳа вобаста ба паҳлуҳои самти геологи пайдоиш ва соҳаи истифодабарии ин сарватҳои бебаҳои табиӣ ба донишҷӯён маълумотҳои зарурӣ дода шуд, ки дар натиҷа аз ҷониби донишҷӯён ба мутахассисон саволҳо пешниҳод карда шуд. Ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби мутахассисон ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуд, ки аз ин донишҷӯён қаноатманд гардиданд.
    Дар фарҷом омӯзгор ва донишҷӯён ба роҳбарияти КВ Экспедитсия минадории хешро аз номи маъмурияти коллеҷ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри қабул ва ташкили дарси сайёр баён намуданд.

𝐌𝐄Ҳ𝐏Г𝐎𝐇 – 𝐌УЖДАГ𝐎𝐇Ӣ А𝟑 ФАЙ𝟑И ДА𝐂𝐓𝐏А𝐇ҶИ 𝐊ИШ𝐎𝐁А𝐏𝟑𝐎𝐇

   Дар доираи бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои муассиса дар коллеҷ ҷашни суннатию аҷдодии мо, иди Меҳргон таҷлил карда шуд, ки дар он намоиши маҳсулотҳои дастранҷи кишоварзон ба маъраз гузошта шуд.
    Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур роҳбари муассиса Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ҳозиринро ба муносибати таҷлили ҷашни Меҳргон самимона табрику шодбош намуда, аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эҳёи иду ҷашнвораҳои суннатӣ, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизу маҳбубамон дубора эҳё гардидаанд, ёдоварӣ намуданд.
      Сипас аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён вобаста ба аҳамияти таърихӣ доштани ҷашни Меҳргон маърӯзаҳои пурмуҳтаво ба ҳозирин қироат карда шуд.
   Ҳамзамон баҳри болидахотирии кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи қисми ташкилӣ, тарбиявӣ алоқа бо ҷомеа ва кор бо ҷавонон, ки саршор аз суруду таронаҳои дилнишин буд, пешкаш гардид.

𝐂𝐄𝐌И𝐇А𝐏И ИЛ𝐌Ӣ 𝐎ИД БА 𝟑А𝐗И𝐏АҲ𝐎И Б𝐎ЙИ 𝐌АЪДА𝐇И𝐁У ҒАЙ𝐏И 𝐌АЪДА𝐇Ӣ

   Дар доираи иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии коллеҷ санаи 19.10.2023 семинари илмӣ оид ба захираҳои бойи маъданиву ғайри маъдани аз қабили металҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ороиши ва ангишт баргузор карда шуд.    Семинари мазкур дар муассисаи таълими бо ибтикори бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, садооати факултети геология ва кафедраи геологияи нафту газ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ташкил карда шуд.
     Дар чорабини мазкур Васиев Сайфиддин Сангинович муовани директори генералӣ, саргеологи Ҷамъияти саҳамии кушодаи “Экспедитсияи иктишофи геологии ҷанубӣ”, Абдуллов Ҷаҳонгир муовини директори “Муассисаи давлатии маркази илмию тадқиқоти ҳифзи захираҳои об” ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок доштанд.
    Семинари мазкурро декани факултети геология Сафолов А. Ш. Оғоз намуда, ёдовари намуд, ки имруза пайвасти илм ба истеҳсолот рисолати авалиндараҷаи мо масъулини соҳа ба шумор рафта, ташкил ва роҳандозии чунин семинарҳои илмию омӯзишӣ меитавонанд ба ҳамоҳангии илм ва истеҳсолот мусоидат намояд.
     Дар идома меҳмонон маърузаҳои худро аз рӯи мавзуи муайяншудаи семинари мазкур оғоз намуда, оид ба захираҳои бойи маъданиву ғайри маъдани аз қабили металҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ороиши ва ангишт маълумотҳои ҷолиби диққаит манзури ҳозирин намуданд. Ҳамзамон баромадкунандагон аз бурдбориҳо дар соҳаи геология ёдоварӣ намуда, вобаста ба мушкилоти соҳа дар шароити муосир фикру андешаҳои судманро баён намуданд.

𝐁𝐎𝐗У𝐏ИИ 𝐂УД𝐌А𝐇Д Б𝐎 𝐁𝐎ЛИД𝐎𝐇 𝐁А 𝐂А𝐏ПА𝐏А𝐂𝐓𝐎𝐇И ГУ𝐏ӮҲҲ𝐎И А𝐊АД𝐄𝐌Ӣ

 Дар доираи нақша чорабиниҳои Коллеҷ ва нақшачорабиниҳои факултетҳо дар толори маҷлисгоҳи муассиса бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маҷлиси васеи волидайни донишҷӯён ташкил ва баргузор карда шуд.
    Дар маҷлис сардори шуъбаи таълим, деканони факултети геология, декани факултети иқтисодиёти саноати кӯҳи мутахасиси шуъбаи ташкили,тарбиявӣ, алоқа бо ҷомеа ва кор бо ҷавонон, мудирони кафедраҳо, сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ ҳуқуқшинос ва волидони донишҷӯён иштирок намуданд.
    Маҷлисро декани факултети геология Сафолов А. Ш. оғоз намуда, ҳадафи баргузории онро амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияияи фарзанд” баён намуданд.
    Зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид карда шуд, ки тибқи муқаррароти боби 2-юми моддаи 8- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқҳ ва ӯҳдарориҳои худро доранд ва онҳоро мебояд робитаашро бо муассисаи таълимӣ ба таври зич бароҳ монанд.
      Ҳамзамон аз ҷониби баромадкунандагон оиди дигар бандҳои қонуни мазкур гуфта шуда, вобаста ба дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир ва пешгирӣ аз тақлиди фарҳанги ба мо бегона ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд.
      Дар ин баробар ба як қатор падару модарон оиди иштироки фаъолонаи донишҷӯёни дар озмунҳои ноҳияви шаҳрӣ иштироккунанда изҳори минадорӣ баён карда шуд.
   Инчунин, бобати мақсаднок ва истифодаи самарабахши шароити таҳсил аз ҷониби донишҷӯён ибрози андеша баён гардида, таъкид карда шуд, ки шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу суботи Ватани азизамон ҳар як фарди ватандӯстро мебояд сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайгирӣ намуда, дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва суботи Ваҳдати миллӣ саҳм гузор бо амалу кирдори худ бошанд.

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ –АСОЛАТИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

   Санаи 03.10.2023 бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова бо иштироки меҳмонон, кормандону омӯзгорон ва хонандагогону дониҷӯён семинари илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Забон ҳастӣ ва бақои миллат” баргузор гардид.
  Семинари мазкуро декани факултети геологияи Коллеҷ Сафолов Аминҷон Шамсиддинович оғоз намуда, ҳайти меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати “Рӯзи забони далатӣ” табрику мубаракбод намуда, ҳозиринро ҷиҳати ташриф оварданашон ба семинари илмӣ – назариявӣ хушомадед намуданд. Сипас оиди қаҳрамониҳои фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихсозӣ, ҳифзу нигоҳдош ва ташаккули забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ намуданд.
    Дар семинари мазкур намоянда аз иттифоқи нависандагон – Салим Карим, аз кумитаи забон ва ислоҳоти назди ҳукумати ҶТ – Каримов Диловар, аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Восиев Аҳлиддин ҳамчунин номзади илмҳои филологӣ Раҳмонов Бахтиёр аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ ширкат доштанд.
   Баромадкунандагон зимни баромадҳои худ дар мавзуъҳои мухталиф тибқи барномаи баргузории семинар маърузаҳои пурмуҳтаво қироат намуда, доир ба заминаҳои таҳкими забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳдории он ибрози назар намуданд.