Архив Март 2026

НАВРӮЗ ДАР САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХ

📜 НАВРӮЗ ДАР САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХ 🌸

Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башарият ба ҳисоб рафта, решаҳои он ба ҳазорсолаҳои дур мерасад. Ин иди бостонӣ на танҳо оғози баҳор, балки рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва оғози давраи нави кишоварзӣ мебошад.

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, Наврӯз ҳанӯз дар замони тамаддунҳои қадим, махсусан дар минтақаҳои Эронзамин ва Осиёи Марказӣ таҷлил мегардид. Дар осори куҳан, аз ҷумла дар “Авесто” – яке аз қадимтарин китобҳои мазҳабӣ ва фарҳангии мардуми ориёӣ ишораҳо ба ҷашнҳои марбут ба табиат ва баробаршавии шабу рӯз (эътидоли баҳорӣ) дида мешавад, ки бо Наврӯз иртиботи зич доранд.

Дар давраи салтанати Ҳахоманишиён (асрҳои VI–IV то милод) Наврӯз ҳамчун ҷашни давлатӣ таҷлил мешуд. Подшоҳон дар ин рӯз маросимҳои бошукӯҳ баргузор намуда, намояндагони халқҳои гуногун бо туҳфаҳо ба дарбор меомаданд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки Наврӯз на танҳо ҷашни фарҳангӣ, балки унсури муҳимми сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ буд.

Бо гузашти замон, Наврӯз дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз Сосониён то замони исломӣ бо шаклҳои гуногун идома ёфт. Гарчанде баъзе анъанаҳо тағйир ёфтанд, моҳияти асосии он эҳтиром ба табиат, покизагӣ, меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳифз гардид.

Дар давраи муосир Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Соли 2009 ҷашни Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ба қайд гирифта шуд. Баъдан, 23 феврали соли 2010, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома қабул намуда, 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.

Ин иқдом бо ташаббуси як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва дигар кишварҳо пешниҳод гардида буд. Нақши муҳимро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани Наврӯз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозиданд.

Имрӯз Наврӯзро зиёда аз 300 миллион нафар дар ҷаҳон ҷашн мегиранд. Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Маросимҳои суннатӣ, аз қабили пухтани суманак, баргузор намудани бозиҳои миллӣ, тозакунии хона ва дидорбинии наздикон, ҳама аз арзишҳои қадимии ин ҷашн шаҳодат медиҳанд.

🌿 Наврӯз имрӯз на танҳо рамзи таърих ва анъана, балки пули пайвасткунандаи наслҳо ва фарҳангҳо мебошад.

🌸 Наврӯз муборак! Бигзор ҳар рӯзатон Наврӯз бошад!

Гулямова Сабрина- Мутахассиси кор бо ҷавонон ва ташкили тарбия

РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ

РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ
Дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз донишҷӯёни Муассисаи давлатии Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар роҳпаймоии идона бо барномаи рангини рақсу таронаҳои миллӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Ин чорабинӣ бо мақсади иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, ҳамчунин тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2026, № А11-960, ба роҳ монда шудааст.
Донишҷӯён зиёда аз як моҳ дар омодагӣ ва баргузории чорабинӣ иштирок намуда, талош доранд, ки ин ҷашни миллӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардад. Роҳпаймоии идона ҳамчун қисми чорабинии бузурги фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, интизор меравад, ки он дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардад.
Иштироки фаъолонаи ҷавонон нишонаи эҳтиром ба суннатҳои миллӣ, худшиносии фарҳангӣ ва саҳми арзандаи насли ҷавон дар тарғиби арзишҳои умумибашарии Наврӯз мебошад.

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД

Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини саёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба мо, ҷавонон боиси хурсандист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ бошанд. Дар баробари ин, Сарвари кишварамон зимни сухнрониҳояшон, аз ҷумла дар ироаи Паёми навбатиашон яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, изoҳори нигаронӣ намуда, таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ зарур шумориданд. Воқеан, ин иқдом тақозои замон аст. Чунки имрӯзҳо гуруҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани ҷувонону шаҳрвандон кишварамонро ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд ва ин раванд, имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан дар фейсбук, ютуб ва дигар шабакаҳои гуногун рӯ ба афзоиш дорад.  Масалан, хоинони миллат, бахусус, Кабирию Муҳаммадиқбол имрӯз берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон кўшиш доранд, ки дасисаву иғвогариро пеша карда, халқи куҳанбунёду тозаҷавони моро бадном тунди худ кунанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи собиқ аъзои ташкилоти терористи экстремистии ҲНИ дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва дар замони сулҳу оромӣ оид ба амалҳои номатлубаш низ воқиф мебошанд.

Таҳлилҳо собит менамояд, ки чунин шахсиятхо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс, ба нафъи худ кор мекунанд. Мо, ҷавонон барои амалиёти ҳар гуна гуруҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем.

Набояд фаромўш кард, ки дaр шaроити ҷaҳонишaвӣ душвор гaрдидaни муносибaтҳои бaйнaлмилaлӣ, сиёсию иқтисодӣ бa мaсъaлaҳои ҳифзи симои миллию мaзҳaбӣ, пос доштaни aрзишҳои мaънaвӣ, бaлaнд бaрдоштaни сaтҳи фaрҳaнгӣ-сиёсӣ вa мaърифaти ҳуқуқии aҳолии кишвaр, хусусaн, ҷaвонон диққaти мaхсус зоҳир нaмудaн бa мaқсaд хеле мувофиқ aст.

Бояд ҳар шаҳрванони боору номуси кишвар ифтихор аз ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадрафторро шадидан маҳкум намояд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат мақомоти дахлдорро муваззаф намудаанд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Вобаста ба масоили матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки имрӯз дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул бояд дод, зеро онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ватани азизамон тамоми неруи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Руҳулло МАҲМАДОВ,

Декани факултети Иқтисодиёти саноати куҳӣ

НАХУСТ МУРРАБӢ ВА МУАЛЛИМИ БАШАРИЯТ МОДАР АСТ

НАХУСТ МУРРАБӢ ВА МУАЛЛИМИ БАШАРИЯТ МОДАР АСТ

Модар нахустмураббии инсон, баҳори гулфишон, нунурфишони меҳру муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст. Модар яке аз шахсиятҳои бебаҳо, воломартаба, бузург, азиз, мунис ва муқаддас, ки бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигари худ ҷаҳонро меҷунбонад.

Сухан рондан дар васфи модар ва тавзеҳ додани онро ҳеҷ кас ба сомон расонида наметавонад, зеро ҳеҷ ақле, ҳеҷ илме, ҳеҷ забоне ва ҳеҷ қаламе қудрати васфи модарро надоранд, зеро модар бузург аст, ба тамоми маъно, ки ҳастии худро ба фарзанд мебахшад.

Модар натанҳо дар қиссаву ривоятҳо, балки дар асл низ ҳамчун сарлашкари мулки худ мебошад. Чунончӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар қайд намуданд: “Дар саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон номҳои Гурдофарид, Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот, Робиаи Балхӣ, Зебуннисо ва садҳо модарону хоҳарони хирадманду фарзона, донишманду оқила, размандаву ҷасур бо ҳарфҳои зарин сабт шудаанд. Зеро кору пайкори онҳо то ҳанӯз намунаи ибрат, сабақи зиндагӣ, сазовори пайравӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад”.

Ҳар хонадоне, ки аз нусрату баракати зан баҳравар нест, он ҷо баракат нест. Дар урфият мегуянд: “Саодати зиндагӣ дар калимаи модар нуҳуфтааст”. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз одамизотро аз гирдорҳои зиндагӣ беҳтар аз муҳаббати модар ҳимоя карда наметавонад. Ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз доштанд, ки: “Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”. Мо аминем, ки худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешии зани тоҷик, ки дар идоракунии давлат ва ҷомеаи солим низ ҳиссаи арзанда гузошта метавонад, калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯйи комёбиҳост.

Аз саҳифаҳои таърихи хеш ба мо маълум аст, ки дар давраҳои гузашта занону модарон дар қатори мардон ба муқобили душман муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзаминӣ аҷдодиамон саҳми сазовор гузоштаанд. Маҳз ба ҳамин хотир барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд.

Бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар кишвари мо нишонаи эътибору эҳтироми баланди давлат ва мардуми тоҷик нибат ба Модар ва қадру манзалати шоистаи Ӯ мебошад.

Руҳулло МАҲМАДОВ,

Декани факултети Иқтисодиёти саноати куҳӣ

МОДАР — БИҲИШТЕ, КИ ДАР РӮЙИ ЗАМИН РОҲ МЕРАВАД

МОДАР — БИҲИШТЕ, КИ ДАР РӮЙИ ЗАМИН РОҲ МЕРАВАД

Ҷаҳон беш аз 10 миллиард инсон дорад, аммо дар зиндагии ҳар кас як нафаре ҳаст, ки вуҷудаш метавонад тамоми дунёро фаро гирад. Маънии комили зиндагӣ ва эҳсоси амну осоиш дар ҳузури ҳамон як нафар нуҳуфтааст. Ӯ метавонад ҷойи ҳама касро гирад, аммо ҳеҷ кас наметавонад ҷойи холии ӯро пур кунад.

Ӯ исми хосест, ки ҳазорон сифат кӯшиш мекунанд васфаш намоянд, аммо ҳеҷ яке наметавонад ҳаққи маъниашро адо кунад. Калимаест, ки агар садҳо бор ба забон ояд ҳам дилбазан намешавад, вале агар як бор ба лаб наояд, дилро ба ларза меорад.

Ин МОДАР аст.

Модар аст, ки шабҳоро ба субҳ мепайвандад, то фарзандаш ором бихобад. Дардро пинҳон мекунад, ашкро фурӯ мебарад, то табассуми фарзандаш гум нашавад.

Ӯ ҳар вожа ва ҳар садоро борҳо такрор мекунад, то ҳарфҳои аввалини зиндагиро дар забони тифл ҷой диҳад ва бо лаҳни ширини худ муҳаббати Ватанро дар қалби ӯ бедор созад.

Модар хаста мешавад, гурусна мемонад, бемор мешавад, аммо ишқи фарзанд ба ӯ неру мебахшад, то амонати зиндагиро бо тамоми ҳастӣ парвариш намояд.

Афтодаву бархоста, шикаставу нанарехта ҷигарбандашро ба воя мерасонад. Аммо дар дилаш, дар хотироташ ва дар нигоҳаш ҳатто фарзанди ба камолрасида ҳамон тифлаки навроҳу навгуфтор мемонад.

Бо ҳамон нигоҳи пур аз меҳр ва дуои пинҳонӣ то охири умр мегӯяд: «Худоё, фарзанди маро нигоҳ дор…»

Ин аст зеботарин ва ҷовидонтарин дуои тамоми модарон.

Модар танҳо як шахс, як исм ё як калима нест. Модар биҳиштест, ки дар рӯйи замин роҳ меравад.

Хушбахту сарфароз он касест, ки саодати хидмат ба модарро дорад ва зиндагии худро бо дуои неки ӯ равшан месозад.

Бигзор тамоми модарон ва бонувони кишвари азизамон дар фазои сулҳу оромӣ, эҳтиром ва саодат зиндагӣ намоянд.

Бо эҳтиром,

Сардори шуъбаи корҳои маъмурӣ Фарҳоди Каримхон

АНДЕШАҲОИ КОРМАНДОН ДАР ВАСФИ РӮЗИ МОДАР

 Раҳмонов Музафар Сафаралиевич – Ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ

Рӯзи модар барои ман танҳо як сана дар тақвим нест, балки рӯзи эҳтирому сипос ба шахсе мебошад, ки зиндагиро ба ман ҳадя кардааст. Ҳар боре ки ин рӯз фаро мерасад, дар қалбам эҳсоси гарму ширин бедор мешавад. Модар сарчашмаи меҳр, раҳм ва сабру таҳаммул аст. Ӯ ҳамеша бо дуои некаш моро ҳамроҳӣ мекунад, ҳатто вақте ки аз ӯ дур ҳастем.

   Ман бовар дорам, ки муҳаббати модар беинтиҳо ва беғараз аст. Ҳеҷ чиз дар ҷаҳон ҷойи оғӯши модарро гирифта наметавонад. Рӯзи модар барои ман фурсатест, ки ба ӯ на танҳо тӯҳфа, балки меҳру таваҷҷуҳи бештар бахшам ва бигӯям: “Модарҷон, шумо тамоми дунёи ман ҳастед.”

Раҳмидоева Тахмина Маҳрамбековна — чонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ

Барои ман Рӯзи модар рамзи покӣ ва садоқат аст. Вақте номи модарро ба забон меорам, қалбам пур аз эҳтиром ва ифтихор мегардад. Модар аввалин устоди ҳаёти мост — аз ӯ сухан гуфтан, роҳ рафтан ва инсон буданро меомӯзем. Ҳамаи дастовардҳои мо самараи тарбияи ӯст.

Дар ин рӯз мехоҳам сари таъзим фуруд оварам назди тамоми модароне, ки бо меҳнати шабонарӯзӣ фарзандони солеҳ ба камол мерасонанд. Дуои модар чароғи роҳ аст. Агар мо имрӯз муваффақем, ин пеш аз ҳама аз баракати дуои модар аст.

Раҳмидоева Тахмина Маҳрамбековна — чонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ

Барои ман Рӯзи модар рамзи покӣ ва садоқат аст. Вақте номи модарро ба забон меорам, қалбам пур аз эҳтиром ва ифтихор мегардад. Модар аввалин устоди ҳаёти мост — аз ӯ сухан гуфтан, роҳ рафтан ва инсон буданро меомӯзем. Ҳамаи дастовардҳои мо самараи тарбияи ӯст.

Дар ин рӯз мехоҳам сари таъзим фуруд оварам назди тамоми модароне, ки бо меҳнати шабонарӯзӣ фарзандони солеҳ ба камол мерасонанд. Дуои модар чароғи роҳ аст. Агар мо имрӯз муваффақем, ин пеш аз ҳама аз баракати дуои модар аст.

Руҳулло Маҳмадов- декани факултети иқтисодиёти саноати куҳӣ

Рӯзи модар барои ман рӯзи шукргузорист. Модар тамоми умр барои хушбахтии фарзанд зиндагӣ мекунад. Ӯ аз орзуву хоҳишҳои худ мегузарад, то фарзандаш орзуҳояшро амалӣ созад. Ин фидокорӣ маро ҳамеша ба андеша мебарад.

Муҳаббати модарро бо ягон чиз чен кардан мумкин нест. Вақте ба чеҳраи пурнури модарам менигарам, дар он тамоми умр ва тамоми муҳаббатро мебинам. Бигзор ҳар рӯз барои модарон рӯзи ид бошад, зеро онҳо сазовори беҳтаринҳо ҳастанд.

Гулямова Сабрина- Мутахассиси кор бо ҷавонон ва ташкили тарбия

Барои ман Рӯзи модар ҷашни муқаддас аст. Ин рӯз моро водор месозад, ки каме бештар дар бораи арзиши модар андеша кунем. Модар пояи оила ва меҳвари зиндагии мост. Бе ӯ хона танҳо девору дар аст, аммо бо ҳузури ӯ он макони гарму пурсаодат мегардад.

Ҳар боре ки ба модарам занг мезанам ва овози нармашро мешунавам, эҳсос мекунам, ки ҷаҳон боз ҳам зеботар шудааст. Мехоҳам дар ин рӯз ба тамоми модарон саломатӣ, умри дароз ва хушбахтӣ орзу намоям. Зеро то даме ки модар ҳаст, ҷаҳон пур аз нур ва меҳр аст.